
Роҳандозии бинои нави Муассисаи давлатии "Телевизиони Сафина"
Бо мақсади такмили пайваста ва пешниҳоди хидматрасонии босифати сохтмон, TГЭM бинои нави Телевизиони Сафинаро бунёд кард, ки он на танҳо рамзи рушд, балки як маркази фанноварӣ барои кормандони муассисаи давлатӣ низ хоҳад шуд. 13 декабр бо иштироки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ маросими ба истифода додани бинои расмӣ баргузор гардид.
Роҳҳалли меъморӣ
Намуди бинои нав бо тарҳи замонавии худ таъсирбахш аст ва на танҳо тамоюлҳои имрӯзаро инъикос мекунад, балки бо фазои корбурд - истифодабарии он ҳамнавохт аст. Бинои асосӣ, ки аз 5 ошёна ва таҳхона иборат аст, инчунин ду бинои иловагӣ, ки дар масоҳати умумии зиёда аз 8,600 метри мураббаъ ҷойгиранд, фазои ҳамгироӣ (якпорча) ва истифодабариро эҷод мекунанд. Ҳама биноҳо бо ҳам пайвастанд ва як маҷмааи ҳамоҳангро, ки барои кори беҳин – беҳтарин ва бароҳатии кормандон пешбинӣ шудаанд, ташкил медиҳанд. Дар сохтмон зиёда аз 200 бинокор ҷалб шуда, барои амалӣ кардани лоиҳаи мазкур саҳму тавоноии худро ба ҳам оварданд.
Фазои корбурдӣ (истифодабарӣ)
Дар дохили бинои нав барои кору эчод шароити беҳтарин фароҳам оварда шудааст. Дар маҷмӯъ, бино дорои 7 студияи барҳаво ва услубӣ, аз ҷумла як студияи маҷозии навофаринӣ бо таҷҳизоти беназир дар кишвар буда, барои таъмини ҳаракати бароҳат байни ошёнаҳо лифтҳои замонавӣ насб карда шудаанд. Масоҳати бино ба 63 дафтари кории барҳаво ҷудо шудааст, ки барои кори рӯзноманигорон, сардабирон, муҳаррирон ва кормандони техникӣ тарроҳӣ шудааст. Хар як дафтари корӣ бо таҷҳизоти пешрафта, ки барои иҷрои босамари супоришҳо заруранд, таъмин карда шудааст.
Зерсохт ва ҷойҳои ҷамъиятӣ
Ҷузъи муҳими бинои нав зерсохти дохилӣ мебошад. Бино дорои маҷлисгоҳи замонавӣ бо 100 ҷойи нишаст ва толори варзиш бо тамоми таҷҳизоти замонавӣ мебошад. Инчунин, кормандон дар ихтиёри худ як ошхонаи барҳаво доранд, ки дар он метавонанд аз хӯроки нисфирӯзӣ лаззат баранд ва бо ҳамкорон табодули назару андеша кунанд.
Баҳраварии барқ
Тарҳрезии бино бо низоми гармидиҳии шаҳр зич пайваст буда имкон медиҳад, ки дар фасли зимистон баҳраварии барқро афзоиш диҳад. Бинои наву замонавии Муассисаи давлатии «Телевизиони «Сафина» на танҳо ба маркази эҷодкорӣ ва табодули иттилоъот табдил хоҳад шуд, балки чеҳраи муосири шаҳрро низ барҷаста хоҳад кард.
TГЭM ба усули масъулияти иҷтимоии кору тиҷорат пойбанд аст. Мо на танҳо лоиҳаҳои навоварона ва аз ҷиҳати иҷтимоӣ муҳимро амалӣ мекунем, балки таъсири амали худро ба ҷомеа ва муҳити зист низ дарк мекунем. Мо ифтихор мекунем, ки ибтикороти мо ба дигаргуниҳои мусбат дар ҳаёти одамон мусоидат карда, некуаҳволии онҳоро беҳтар мекунад.
TГЭM - ояндаро бо ҳам месозем!
